Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1440
    Наврӯзи хуҷастапай рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат, яке аз суннатҳои қадимтарин ва фарҳанги зиндаи мардуми...

    Таҷлили бошукуҳи Иди байналмилалии Наврӯз дар Кумита                 

                   

    431555202_736977058548635_2447993802807003466_n.jpg

    Наврӯзи хуҷастапай рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат, яке аз суннатҳои қадимтарин ва фарҳанги зиндаи мардуми тоҷику форс мебошад, ки он имрӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

    Дар чорабиние, ки санаи 18 марти соли 2024 бо иштироки кормандни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохтори он бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид, нотиқон Наврӯзро ҳамчун ибтидои ҳамаи бунёдкориҳо ва амалӣ гаштани орзуву ниятҳои нек арзёбӣ карданд.

    Аз ҷумла, зимни суханони табрикотии худ раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон қайд намуданд, ки чун анъана тамоми мақомоти давлатии кишвар, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти зертобеи он, бахшида ба таҷлили Иди Наврӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пешоҳанги корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бошад, то ин ки ба симои Ватани азизамон ҳусну таровати нав зам гашта, вазъи санитарию экологии ҷумҳурӣ боз ҳам солим гардад.

    Тибқи нақшаи чорабиниҳои рӯидастгирифтаи Кумита, дар Наврӯзи имсола, ҳунарҳои дастӣ ва ашёву лавозимоти рӯзгори ниёгонамон дар мисоли ҳунарҳои мардумии вилоятҳои Бадахшону Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин, манзараи наврӯзиро ороиши дастархони ҳафтсину ҳафтшин ва хони таомҳои миллӣ зиннат доданд. Рамзҳои анъанавӣ чун Маликаи Наврӯзу Бобои деҳқон чорабиниро ҳусну ҷилваи ба худ доданд.

    Сурудхониву қироати шеър, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, бозиҳои шоҳмоту шашка, тенниси рӯимизӣ ва дигар бозиҳои хоси наврӯзӣ бахшҳое аз чорабиниҳои Кумитаро ташкил доданд.

    Дар охир ба ғолибони бахшҳои хонҳои наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анвои ҳафтсину ҳафтшин ва ғолибони мусобиқаҳо туҳфаҳои хотирмон супорида шуд. 

    431548450_736976998548641_2946970795462681119_n.jpg 431495250_736976805215327_1684040273217999232_n.jpg 431506244_736976771881997_106271320883805636_n.jpg 433922477_736976895215318_3609337481945027215_n.jpg

    431472760_736976945215313_5778391082800783321_n.jpg 431495489_736976955215312_7191096841403819979_n.jpg 431498824_736976761881998_286094745163016024_n.jpg 431552050_736977088548632_4488653236237193207_n.jpg