Фаъол гардидани камераҳои мушоҳидавӣ дар шаҳри Душанбе
Ҷиҳати амалишавии нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе соли 2024 Соли маърифати экологӣ эълон гашта, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист корҳои ободонӣ, созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва аксияҳои экологӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар ин росто, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе саҳмгузорӣ намуда, ҷиҳати солимгардонии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар 50 нуқтаи осебпазири нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт камераҳои мушоҳидавиро насб намояд.
Бо ин мақсад 20 марти соли 2024, аз тарафи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур ва муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе фаъол карда шуданд. Таҷҳизот ва камераҳои Маркази мазкур 24 соат фаъол буда, сабтҳои назоратии он аз нуқтаҳои насбшуда дар таҷҳизоти мониторингии он ҳифз ва нигоҳдорӣ мешавад. Марказ ҳамчун сохтори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, ки 4 воҳиди корӣ дар он вобаста шудааст, таъсис дода шудааст.
Чунин тадбири экологӣ имкон медиҳад, ки қонунвайронкуниҳои самти экологӣ махсусан дар ҷойҳои номуайян ҷойгир намудани партов ошкор гашта, фавран нисбати қонуншиканҳо чораҷӯи карда мешавад.
Фаъолияти минбаъдаи камераҳои мушоҳидавӣ дар беҳбуд гаштани вазъи экологии пойтахт ва ба маротиб кам гаштани қонуншиканиҳо дар самти ҷойгир намудани партов дар минтақаҳои осебпазир нақши муҳим бозида, дар ин баробар маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ баланд гашта, қонунҳои амалкунандаи самти экологӣ риоя карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки таҷҳизоти мазкур аз ҳисоби лоиҳаи Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи Баҳри Арал, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардида истодааст харидорӣ гардида, насбу васли он аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода шуд.
Таъкид менамоем, ки бо мусоидати роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаҳои протоколии пойтахт қуттиҳои хурди партов гузошта шуда, ҳар сол дар мавсими кабудизоркунӣ зиёда аз 6-7 ҳазор ниҳолҳои ороишӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои пойтахт шинонида шуда истодааст.
Бояд қайд кард, ки иқдоми мазкур аввалин буда, тасмим гирифта шудааст, ки баҳри саривақт пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, зери назорати доимӣ қарор додан ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти аҳолӣ чораҳои зарурӣ минбаъд низ роҳандозӣ мегардад.