Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз
Қадами мубораку фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ ба кишвари муқаддасу маҳбуби мо-Тоҷикистони азиз дар фазои якдилию ягонагии мардуми шарафмандамон замини аҷдодии моро мунаввар месозад. Ин рӯзи мубораку фархунда, аз давраи ниёгони мо дар тули ҳазорсолаҳо такмилу таҳаввул ёфта, чун нишони худогоҳии миллӣ то ба имрӯз расидааст. Бо фарорасии фасли зебои баҳору Наврӯзи оламафрӯз ҳамаи кормандони Кумитаро сидқан табрику муборакбод менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 14 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад.
Анъанаҳои неки ниёгон имрӯз мазмуни пурратар гирифта, шодиву хурсандӣ, сурудхонию хушҳолӣ ва рақсу мусиқӣ дар ҷашни Наврӯзӣ шукргузорӣ ва ормону ниятҳои нек аз ҳаёти серу пур ва бобаракат мебошад.
Наврӯз, пеш аз ҳама ҷашни кормандони ҳифзи муҳити зист ва кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Зеро саъю талоши кормандони мақомоти мо ба он равона гардидааст, ки ҳар як фасли Ватани азизамон зебову гуворо, тозаю озода ва барои зиндагии мардум бехатару дилхоҳ бошад.
Бо истифода аз ин лаҳзаи фараҳбахш, мехоҳам, ҳамаи Шумоёнро, кормандони мақомоти муҳити зист, ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуда, бароятон пеш аз ҳама сулҳу оромӣ, ободии хонадон, хушиҳои рӯзгор ва амалӣ гаштани ниятҳои некро таманно менамоям.
Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!