Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
28 феврали соли 2024 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори бюрои минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Ивана Живкович баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои намояндагии он дар Тоҷикистон, алалхусус Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо оид ба ҳамаи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар самти ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд, ба мувофиқа расиданд.