Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б. А. бахшида ба Рӯзи Модар
Ҳамкорони азиз,
Дар баробари фаро расидани фасли зебову дилрабои баҳори нозанин мардуми сарбаланди кишвари мо ду санаи муқаддасро бо суруру шодмонии зиёд истиқбол менамоянд ва ин идҳои хотирмони ҳаёти мо яке Рӯзи Модар ва дигар Наврӯзи хуҷастапай мебошанд.
Зан-Модар бузургтарин зиннатбахши ҳаёти инсоният ба шумор рафта, тамоми нобиғаҳои оламшумулро арзи ҳастӣ намудааст.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар фазои мамлакати соҳибистиқлоламон мавқеи ҷамъиятии занон хеле боло рафтааст. Барои баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва мусоидат ба шуғли онҳо чораҳои давлатӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки ин барои дастгирии занон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Имрӯз занон чӣ дар парламент, чӣ дар ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ, ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд. Онҳо сарварии вазоратҳо, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои давлатиро ба уҳда доранд.
Дар Кумита ва зерсохтори он низ беш аз 400 нафар занону духтарон кор ва фаъолият намуда истодаанд, ки онҳо дар тозагию ободии кишварамон саҳми муносиб доранд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи модарон ва бонувони Кумитаро ба муносибати иди пуршукуҳи давлатӣ-Рӯзи Модар самимона муборакбод гуфта, ба онҳо сарбаландиву шодкомӣ, пирӯзиву хушрӯзӣ ва зиндагонии арзандаро таманно менамоям.