Кушодашавии бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рушони ВМКБ
15 августи соли 2023 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар баробари кушодани як қатор иншоотҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рушони ВМКБ низ дар вазъи тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
Сохтмони иншооти бинои мазкур соли 2018 оғоз ёфта, фармоишгари он Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ бо сифати баланд ба итмом расонида шуд.
Бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 утоқи корӣ ва дар ошёнаи 2-юм як хона барои пазироии меҳмонон пешбинӣ карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки бинои мазкур бо ашёву лавозимоти зарурии кории ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои фаъолияти минбаъдаи кормандон муосидат менамояд.