Тақвияти фаъолияти назорати таҳлилию ташхисӣ тавассути даъмини таҷҳизотҳои муосир
Дар солӣ ҷорӣ бо мақсади тақвияти фаъолияти таҳлилию ташхисӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Кумита заминаи техникии Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ тақвият дода шуд. Аз ҷумла аз ҳисоби ҷалби сармоягузории хориҷӣ як адад радиометри тамғаи МКГ-01 барои муайян намудани сатҳи радиатсия, як адад маҷмуи лаборатории октонаметри тамғаи 2М7с-SX барои муайян намудани сифати сӯзишворӣ, як адад таҷҳизоти садоченкунӣ, як адад таҷҳизот барои ченкунии суръати партовҳо дар манбаъҳои муташакил харидорӣ ва дастрас карда шуданд, ки барои фаъолияти самараноки Марказ мусоидат намуда истодаанд. Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Кумита шароити мусоиди корӣ барои кормандони Марказ ташкил карда шуд, аз ҷумла ду адад компютер, 3 адад принтер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолияти Марказ дастрас карда шуданд.
Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаи “Рушди монитоинги обҳои руизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкориҳо (TJK-water guality 11)” аз тарафи мутахассисони Институти ҳифзи муҳити зисти давлати Финландия ба Марказ моддаҳои кимиёвии зарурӣ барои ташхиси таркиби об аз рӯи панҷ нишондод дастрас карда шуд. Аз ҷониби лоиҳаи мазкур ба шуъбаҳои маҳаллии Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ се адад маҷмуи компютер ва як адад таҷҳизот (PH метр) барои муайян кардани нишондиҳандаи гидрогенӣ, минералнокӣ, намакнокӣ ва қувваи электроҳаракатдиҳанда дастрас карда шуд.
Ин тадбирҳо барои сифатнок ва самаранок амалӣ намудани фахъолияти таҳлилию ташхисии Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ ҷиҳати пешбурди мушоҳидаҳои экологӣ мусоидат намуданд.