Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷайҳун
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, ҳафтаи гузашта аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.
Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ сокинони касбу кори гуногун ва кормадони ташкилоту муассисаҳои ноҳия фаъолона иштирок доштанд.
Тибқи маълумоти масъулин барои тарзи шинонидани ниҳолон тавсияи мутахассисон гирифта шуда, барои хуб нашъунамои минбаъдаи он аз тарафи масъулони соҳавии маҳал назорат пурзур бурда мешавад, то дарахтони шинонидашуда нашъу намои хуб ёбанд.
Бино ба гуфти Зувайдзода Сайдулло Зувайдулло мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷайҳун дар мавсими имсола 80 - ҳазор дона бех дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида хоҳад шуд.
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ роҳандозӣ шуда, ба ҳамин монанд корҳои кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мунтаззам рӯзҳои истироҳат роҳандозӣ мегардад.