Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 688
    18 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита             


                                              

    IMG_2066.jpg

    18 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумитаи мазкур баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти раёсату шуъбаҳо ва марказу муассисаҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 11 то 17 ноябри соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳисоботи таҳлилӣ аз тарафи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров Исфандиёр мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.

    Сипас, муовини раиси Кумита Қиёмзода З. С. масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа гузошташуда мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулини иҷро оид ба самтҳои марбутаашон пурсиш ба амал аварда, барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст гардидани фаъолияти сохторҳои системаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар соли 2023 супоришҳои мушаххас дода шуд.

    Пас аз натиҷагирию арзёбӣ гардидани масъалаи рӯзномаи ҷаласа, бо назардошти супоришҳои додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.