Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор
Аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор дар ҳудуди ҷамоати деҳаҳои Сомон, Нурафшони шаҳри мазкур бо иштироки 70 нафар сокинон, фаъолон, омӯзгорон ва хонандагон аксияҳои "Тозагии соҳил" ва “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар натиҷа шафати канали калони Ҳисор аз ҳаргуна партовҳо ва хору хасҳо тоза гардида, 1.2 м³ партовҳо аз ҳудуди маҳаллаи Нурафшон ва шафати Канали калони Ҳисор ҷамъоварӣ ва тавассути як адад техникаи боркаш ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.
Инчунин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки беш аз 60 нафар фаъолон, омӯзгорону хонандагон аксияи "Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуд, ки дар рафти баргузории он 0.5 м³ партовҳо аз шафати шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.
Ба ғайр аз ин, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ҳудуди шаҳри Ҳисор бо иштироки 40 нафар аксияи "Тозагии шоҳроҳ" гузаронида, 0.8 м ³ партовҳо аз шафати шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор - Турсунзода ҷамъоварӣ карда шуд. Дар рафти баргузории ҳашари дастаҷамъона аз тарафи иштирокчиён беш аз 250 м шафати Канали калони Ҳисор, 500 м шафати шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода, ҳудуди ҷамоатҳои дар боло зикргардида аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд, ҳамагӣ 2.5 м³ партовҳои ҷамъоваригардида ба партовгоҳи шаҳр интиқол дода шуданд.