Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 469
    Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани...

    Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ             


                                              

    т махал.jpg

    Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” баргузор гардид.

    Дар аксияи мазкур зиёда аз 100 нафар сокинон иштирок намуда, кӯчаҳои деҳа ва ҷӯйборҳои канори роҳро аз партовҳои маишӣ тоза карда, партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ интиқол дода шуданд.

    Баҳри беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳия доир ба “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар байни коллективи муассисаи алоқаи Почтаи ноҳияи Рӯдакӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

    т сохил.jpg т. махал 2.jpg т. сохил 2.jpg