Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 638
    Бо мақсади ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи шаҳр ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои...

    Баргузории аксияи "Тозагии маҳал" дар шаҳри Бохтар             


                                              

    РАФТИ ТОЗАКОРИ.jpg

    Бо мақсади ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи шаҳр ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тозагии ҳифзи муҳити зист дар асоси нақша – чоранибиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҳашарҳои дастаҷамъона доир карда шуд, ки дар он кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳриву вилоятӣ фаъолона иштирок намуданд.

    Ҳадаф аз роҳандозии тозакориҳо ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи корхонаву коргоҳҳо буда, дар рафти ин тадбири экологӣ гирду атрофи ташкилоту муасиссаҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуда, гулҳо шинонда шуда, бехи гулу гулбутаҳо тоза гардида ва партовҳо бароварда шуданд.