Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 763
    Дастаи футболи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон...

    Дастаи футболи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист сазовори ҷои 3-юм гардид             


                                              

    image-13-12-23-09-20.jpg

    Дастаи футболи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷои 3-юм гардид. Тавре аз ташкилоти мазкур хабар доданд, супоридани мукофотҳо ба дастаҳои ғолиб санаи 12 декабри соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

    Гуфта мешавад, ки чорабиниҳои варзишии намуди футболи хурд аз 5 то 10 декабр миёни 18 дастаи аъзоёни ҳизбӣ аз вазорату идораҳо дар доираи 29–солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» ташкил ва гузаронида шуд.

    Ҳадаф аз баргузории сабқатҳои футболи хурд таҳкими муносибатҳои дӯстона, робитаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ, пешбурди фаъолияти варзишӣ ва ҳамкорӣ дар байни аъзои кумитаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гуфта мешавад.