Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 111
    Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Андешидани тадбирҳои экологӣ дар ноҳияи Кӯшониён             


                                              

    ЗАРФ ФОТО.jpg

    Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳдошти муҳити зист аз партовҳои пластикӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кӯшониён дар ҳудуди шаҳраки Исмоилӣ Сомонӣ ва ҳамчунин шоҳроҳои ноҳияи мазкур зиёда аз 10 адад қуттиҳои санитарӣ барои ҷамъоварӣ намудани қуттиҳои пластикӣ насб карда шуд.

    Ин иқдоми наҷиб ҷиҳати таъмини тозагии ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ миёни сокинон ва тарғиби фарҳангу маданияти волои шаҳрнишинӣ арзёбӣ мегардад. Зеро солҳои охир бинобар афзоиши истеҳсол ва истифодаи маводи пластикӣ ва аз беэътиноии баъзе сокинон дар кӯчаву хиёбонҳо зарфу дигар маводҳои пластикӣ зиёд ба назар мерасанд, ки ҳусни ноҳияро коста мегардонанд.

    Масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кӯшониён дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки дар якҷоягӣ бо дигар соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва масъулони муассисаҳои фарҳангӣ дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳо ва нуқтаҳои ҷамъиятии ноҳияи Кӯшониён чунин қуттиҳоро ҷойгир намоянд.