Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 828
    15 декабри соли 2023 дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи  Асосгузори...

    Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон”-и шаҳри Душанбе               


                                              


    15 декабри соли 2023 дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба "шаҳрҳои сабз" табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, роҳбарияти Бонки Осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳагӣ-фароғатии “Ҷавонон”-и шаҳри Душанбе маъракаи  дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур роҳбарон ва дигар кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоыикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, дигар марказу муассисаҳои тобеи он дар шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт иштирок намуданд.

    Иштирокдорони чорабинӣ нахуст аз истифодаи усулҳои агротехникии шинонидани ниҳолон шинос гардида, сипас дар қитъаҳои муайянгардидаи Боғи мазкур тайи 400 адад ниҳолҳои дарахтони навъи ҳамешасаб ва сафедор шинонида шуд.

    Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар мавсими навбатӣ низ ҷиҳати ба "шаҳрҳои сабз" табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва сарсабзу хуррам гардонидани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.

    IMG_1782.jpg IMG_1820.jpg IMG_1834.jpg IMG_1851.jpg

    IMG_1870.jpg IMG_1895.jpg IMG_1921.jpg IMG_1953.jpg