Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 116
    Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории машғулиятҳои бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити...

    Баргузории машғулияти навбатии бозомӯзии кормандон оид ба фаъолият дар самти назорат ва ченкуниҳои таҳлилию ташхисӣ               


                                              


    Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории машғулиятҳои бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи дуюми соли 2023 машғулияти навбатӣ оид ба фаъолият дар самти назорат ва ченкуниҳои таҳлилию ташхисӣ баргузор гашт.

    Семинар бо суханронии муовини сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорат оғоз шуда, сипас дар мавзуи болозикр сардори Маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумита Судурзода Саидисмон оид ба фаъолияти марбутаи соҳавӣ ба таври муфассал маълумот дод.

    Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори кадрӣ ва ҳам ба муҷаҳҳазгардонии таҷҳизоти наву ҳозиразамон дар самти мазкур таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, мушкилотҳои ҷойдошта марҳила ба марҳила бартараф гардида истодаанд.

    Пас аз шарҳи пурраю ҳаматарафаи мавзуъ оид ба масъалаҳои зикргардида суолуҷавоб сурат гирифта, аз тарафи Судурзода С. ба саволҳои сершумори иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

    IMG_1735.jpg IMG_1732.jpg