Иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар чорабинии сатҳи баланд оид ба сармоягузорӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои кишварҳои осебпазир
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, дар ҳошияи конфронси COP-28 дар шаҳри Дубай дар чорабинии сатҳи баланд оид ба сармоягузорӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои кишварҳои осебпазир иштирок ва суханронӣ намуд. Дар чорабинии мазкур масъалаҳои вобаста ба ташаббусҳои ҳифзи муҳити зист ва раванди тағйирёбии иқлим баррасӣ гаштанд.
Зимни суханронӣ раиси Кумита аз уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мубориза ба раванди тағйирёбии иқлим ва талошҳои он дар бахши ҳифзи муҳити зист таъкид карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Бонки Рушди Бисёрҷониба (БРБ), оҷонсиҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, институтҳои молиявӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои омӯхтани раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои осебпазир иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бори дигар омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати минбаъд ҳам пеш бурдани масъалаҳои тағйирёбии иқлимро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд иброз намуданд.