Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо вазири захираҳои табиат, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия дар шаҳри Дубай
9 декабри соли равон дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) дар шаҳри Дубайи Аморати Мутаҳидаи Араб вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо вазири захираҳои табиат, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия ҷаноби Ник Назми Ник Аҳмад баргузор шуд.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Малайзия дар самтҳои ҳифзи муҳити зист ва тағйиребии иқлим мавриди баррасӣ гардид. Аз ҷумла зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба мониторинги сифати ҳаво, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба коркарди партовҳо, марҳила ба марҳила даст кашидан аз халтаҳои пластикӣ баррасӣ карда шуд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Шерализода Б. А. доир ба саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишвар ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуд. Ҳамзамон, вазири захираҳои табиат, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия ҷаноби Ник Назми Ник Аҳмад нақши Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карда, саривақтӣ будани ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ро таъкид намуд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ оид ба ҳамкориҳои густурда дар самтҳои ҳифзи муҳити зист доир шуда, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд.