Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 727
    Рӯзи 5 декабри соли равон бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати...

    Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии хок               


                                              


    Рӯзи 5 декабри соли равон бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе, ҷалби кормандони ДЭУ н. Сино, волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, патрулҳои сабзи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25 шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии хок аксияи  “Тозагии атроф” гузаронида шуд. Иштирокчиён атрофи МТМУ-и №25, роҳравҳои пиёдагард то бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои ш. Душанберо аз партову хазон тоза намуданд. Ҳамзамон патрулҳои “сабз” дар саҳни ҳавлии муассисаи таълимии болозикр барои шинонидани ниҳолҳо чуқурчаҳоро канда омода намуданд. 

    Сипас, дар толори маҷлисгузаронии МТМУ №25 бо иштироки меҳмонону омӯзгорон, патрулҳои “сабз” ва хонандагони синфи 9 аз фанни экология бахшида ба “Рӯзи байналмилалии хок дарси кушод баргузор гардид. Хонандагон бо ҳамроҳии омӯзгор доир ба ташаббусҳои обии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ, Раҳмон, моҳият ва зарурати ҳифзи хок ҳамчун қарзи муқаддас маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

    Воқеан, хок ҷузъи таркибии муҳити зисти инсон, наботот ва ҳайвонот, асоси фаъолияти хоҷагидорӣ буда, ҳифзи он яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Бо назардошти он, ки хок ҳамчун яке аз унсурҳои асосии ҳаёт аст, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 5- уми декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии хок муқаррар намуда, ин сана аз соли 2014 дар аксар кишварҳои дунё таҷлил карда мешавад.

    Ҳамзамон, 5 декабр дар тақвим ҳамчун Рӯзи волонтёрон ворид гардидааст. Бо  мақсади пешбурди амалҳои хайр, тарбияи меҳнатдӯстиву инсондӯстӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракати волонтёрӣ” ба имзо расид.

    Бино ба маълумотҳои мавҷуда айни замон зиёда аз 10 ҳазор волонтёрон фаъолияти хешро ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ҳифз ва беҳдошти муҳити зист равона месозанд.

    Ёдовар бояд шуд, ки бо фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21.07.2022, № 172 Низомномаи Маҳфили эковолонтёрон тасдиқ шудааст.

    Айни замон дар ҳайати Маҳфили эковолонтёрони Кумита зиёда аз 30 нафар донишҷӯёну мактаббачагон номнавис шуда, дар чорабиниҳои Кумита ҳиссаи худро гузошта истодаанд. 

    photo_2023-12-06_13-42-16.jpg photo_2023-12-06_13-45-33.jpg photo_2023-12-06_14-07-11.jpg