Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1000
    Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон...

    Иштироки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳифзи муҳити зист барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”               


                                              


    Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» миёни аъзои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оғоз гардид.

    Бо ин мақсад, санаи 5 декабр дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Байналмилалии Президентӣ" - и шаҳри Душанбе бо иштироки раиси кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заррина Файзулло мусобиқаҳои футболи хурд кушода эълон гардид.

    Ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона, робитаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ, пешбурди фаъолияти варзишӣ ва ҳамкорӣ дар байни аъзои кумитаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз 5 декабр то 10 декабри соли 2023 мусобиқаи футболи хурд баргузор мешавад. Ин чорабинӣ барои мусоидат ба рӯҳияи варзишӣ, тарзи ҳаёти солим ва таҳкими рӯҳияи даста дар байни кормандони муассисаҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст. Мусобиқаи футболи хурд на танҳо ба саломатии ҷисмонии иштирокчиен мусоидат мекунад, балки барои рушди ҳамкории дастаҷамъӣ ва ҳамбастагӣ шароит фароҳам меорад.

    Дар чорабинии мазкур баробари дигар сохторҳо кормандон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок ва бо рақибони хеш аз рӯи ин намуди варзиш сабқат намуда, маҳорати худро нишон медиҳанд.

    DSC_0706 (2) (3).jpg DSC_0710 (2) (2).jpg DSC_0709 (2).jpg