Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 841
    4 декабри соли 2023 таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти...

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита               


                                              


    4 декабри соли 2023 таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ҷаласаи навбатии Кумитаи мазкур баргузор гашт.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа оид ба масъалаҳои назоратии  фаъолияти сохторҳои соҳавӣ сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров Исфандиёр бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад намуд. Сипас аз тарафи муовини якуми  раиси Кумита Қиёмзода З. С. мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои ҷорӣ аз масъулони сохторҳои марбута пурсиш ба амал оварда шуда, аз ҷумла масъулон вазифадор карда шуданд, ки оид ба натиҷагирии фаъолияти Кумита дар соли ҳисоботӣ тибқи тартиби муқарраргардида чораҳои мушаххас андешанд.

    Бо назардошти баррасии масъалаҳо, пурсишу супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳои ироагардида қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.

    IMG_1714.jpg IMG_1717.jpg