Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 996
    2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ...

    Иштирок ва суханронӣ дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ               


                                              


    2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад. Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мебошад.

    Таъкид гардид, ки бинобар тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳамасола селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳанд. Бар асари онҳо ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд ворид мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ба мақсади рушди тавлиди “энергияи сабз” ва кам кардани партовҳои карбонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқтидори нерӯгоҳҳои барқи обии худро то соли 2050 ду баробар зиёд намояд.

    Моҳи марти соли равон Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Нидерланд Конфронси таърихии оби Созмони Милалро мизбонӣ кард. Дар ин ҳамоиш Рӯзномаи амал қабул гардид. Он зиёда аз 800 амалу уҳдадориҳоро дар соҳаи об дар бар мегирад. Шумораи зиёди онҳо бо иқлим низ алоқамандии зич доранд.

    Мусаллам аст, ки хатару таҳдидҳои обу иқлим талошу амалҳои ҷиддитарро талаб мекунанд.

    Дар ин робита, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни мизи мудаварро ба масъалаҳои муҳим, аз қабили дарки амиқи масъала ва пешбурди самараноки он аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, рушди тадбирҳо ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим ва таъмини татбиқи механизмҳои муштараки расонидани кумакҳо ба кишварҳои осебпазир, ҷалб намуданд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати минбаъд ҳам пеш бурдани масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд иброз доштанд.

    407927695_677729271140081_5344878194441462833_n.jpg 407875047_677729344473407_5562147890523104882_n.jpg 407869150_677729317806743_4167405760388479584_n.jpg 408010049_677729297806745_9106225531401019263_n.jpg

    408159325_677729364473405_8606580268686827213_n.jpg 407842497_677729377806737_7970793538731441892_n.jpg 408052878_677729397806735_1800647605416276919_n.jpg           

    http://president.tj/node/32043