Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1057
    Рӯзҳои 28-29 ноябри соли 2023 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи митақавии сатҳи баланд доир...

    Ҷаласаи минтақавии сатҳи баланд доир ба пешгирии пандемияҳо, ҳифзи системаҳои озуқаворӣ ва муҳити зист дар доираи Барномаи “Солимии ягона дар Осиёи миёна”               


                                              


    Рӯзҳои 28-29 ноябри соли 2023 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи митақавии сатҳи баланд доир ба Пешгирии пандемия, ҳифзи системаҳои озуқаворӣ ва муҳити зист” аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ доир гардид.

    Дар ҷаласа зиёда аз 50 нафар намояндагон аз ташкилотҳои дахлдори тандурустӣ, кишоварзӣ, озуқаворӣ ва муҳити зисти кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчунин коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

    Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати корӣ иборат аз 8 нафар аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

    Дар ҷаласаи нақшаи амалҳо дар доираи Барномаи “Солимии ягона дар Осиёи Миёна” дар самти пешгирии бемориҳои зоонозӣ, ҳифзи системаҳои озуқаворӣ ва муҳити зист баррасӣ гардиданд.

    Дар сессияҳои пленарӣ муовини раиси Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир баромад намуда, доир ба масъалаҳои пешгирии пандемия, омӯзиши бемориҳои зоонозӣ ва таъсири он ба ҳайвоноти хонагӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ, парандагони кучкунандаи фаромарзӣ ва самтҳои ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ баромад намуданд.

    Дар фарҷоми ҷаласа маросими ба имзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ дар доираи Барномаи “Солимии ягона дар Осиёи Миёна” бо иштироки муовинони раисони мақомотҳои болозикри кишварҳои Осиёи Миёна доир гардид.

    Рисунок1.jpg Рисунок2.jpg Рисунок3.jpg