Ташкили намоиш-фурӯши китоб дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо китобу маърифат ба камол расонидани ҷавонону наврасон, худогоҳӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти “Ирфон” санаи 29 ноябри соли 2023 дар дастгоҳи марказии Кумита намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ташкил карда шуд.
Дар рафти баргузории намоиш-фурӯши китоб кормандони Кумита китобҳои тозанашри “Ирфонро”, ки дар миёни онҳо асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори назму насрии адибони классику муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон мавҷуд буд, бо теъдодҳои гуногун харидорӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки нашриёти “Ирфон” яке аз маъруфтарин нашриётҳои собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тақрибан 100 сол мешавад дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи маънавии миллат саҳм мегузорад ва беҳтарин китобҳоро бо сифати намунавӣ ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам имрӯз нашр карда пешниҳоди хонандагон гардонидааст.
Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист чунин иқдомро хуш истиқбол намуда, китобҳои дигари хостаи худро барои дастрасу мутолиа кардан аз масъулони нашриёти мазкур дархост намуданд.