Баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Кӯшониён
Ҳар ҳафта бо ташкили чорабиниҳои тарғиботиву амалисозии ҳашарҳои дастҷамъонаю аксияҳои гуногун аз ҷониби масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кӯшониён баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маъракаҳои гуногун амалӣ гардида, ба зебогии ноҳияи мазкур ҳусни дигар зам карда мешавад.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҳудуди заҳбуру заҳкаш ва маҳҳалҳои обгузари ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуда, бо ҷалби техника қамишзорҳои дохили заҳбуру заҳкашҳо ва канори он, аз алафҳои худрўйи заҳкаш, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ба пуррагӣ тоза карда шуданд.