Аксияи “Тозагии соҳил” дар шаҳри Кӯлоб
Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Кӯлоб оиди иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар сойи тебалайи шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии комуналии МИҲД-и ш.Кӯлоб бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аксияи “Тозагии соҳил” гузарониданд.
Дар аксияи мазкур кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо кормандони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, дар маҷмӯъ 160 нафар иштирок дошта, масоҳати 800 метри дарозии сойи мазкурро аз партовҳои гуногун тоза карда намуда, партовҳои ҷамъоваришуда ба миқдори 15 м3 ба партовгоҳ интиқол дода шуданд.