Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1060
    Аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали...

    Баргузории Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28)             


                                              


    Аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб барузор мегардад.

    Тибқи муқаррароти қаблугардида, Конфронси тарафҳои Конвенсияи мазкур дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеи намояндагони кишварҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд баргузор мегардад.

    Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро соли 1998 ва Созишномаи Парижро соли 2017 тасдиқ кардааст.

    Инчунин, дар ҳошияи конфронси мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани сиёсати пешгирифтаи кишварҳои аъзо дар самти иҷрои уҳдадориҳо дар назди Конвенсия баргузории чорабиниҳои канорӣ, ҳамоишҳо ва вохӯриҳо, павилионҳо ташкил карда мешаванд.

    Ба нақша гирифта шудааст, ки Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс аз 30 ноябр то 12 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубай бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим, афзудани бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ташкил мегардад.