Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 669
    Кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист...

    Баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Конибодом             


                                              

    IMG-20231028-WA0110.jpg

    Кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ва кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар аз нақлиёт дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мунтазам амалиёти «Ҳавои тоза»-ро баргузор менамоянд.

    Тибқи нақшаи корӣ, бо иштироки нозирони давлатии бахши ҳифзи муҳити зист дар кӯчаи марказии шаҳри Конибодом амалиёти мазкур доир гардида, дар рафти он 35 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуданд.

    Ҳангоми санҷиш миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардида, барои ихроҷи барзиёд ва вайрон намудани меъёри стандартҳои давлатии амалкунанда, нисбати 4 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

    Протоколҳои тартибёфта барои чораандешии минбаъда ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.