Аксияи экологӣ бо иштироки волонтёрон ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳри Истаравшан
Бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, бо иштироки 40 нафар волонтёрон дар қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузарониданд.
Дар рафти аксия 5,5 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи техникаи махсуси муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Истаравшан ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд.
Қайд кардан ба маврид мебошад, ки пеш аз гузаронидани аксия тариқи радиои маҳалии «Парвин FM» ба тамоми сокинони шаҳр оид ба баргузории чорабинии мазкур баромаду эълон карда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади ташвиқу тарғиб ва минбаъд ҷалби оммаи васеи сокинон ба гузаронидани аксияҳои экологӣ рафти корҳои иҷрошуда аз ҷониби намояндагони телевизиони марказии шабакаи «Тоҷикистон» наворбардорӣ ва дар барномаи иттилоотӣ пахш карда шуд.
Ҳамзамон, санаи 16 ноябри соли ҷорӣ, аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар маҳаллаи Олимхӯҷа Лутфии шаҳри Истаравшан бо сокинон оид ба пайдо гардидани партовҳои бесоҳиб дар маҳал, таъсири манфии ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо ва ҷавобгарии дар қонунгузории амалкунанда пешбинигардида корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷа аз тарафи сокинон ҳашар эълон гардида, бо истифода аз нақлиёти боркашон партовҳои бесоҳиби дар маҳал ҷойдошта бо пуррагӣ бартараф карда шуданд.