Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1082
    Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ яке аз шоҳроҳҳои асосии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо воситаи он сокинони...

    Ҷалби сокинони ноҳияи Деваштич ба тоза намудани шоҳроҳ                   


                                              


    Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ яке аз шоҳроҳҳои асосии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо воситаи он сокинони кишварамон ва меҳмонон рафту омади бисёр доранд.

    Бинобар он, назорати мунтазам тозаю озода нигоҳ доштани шоҳроҳ ба вазифаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дохил гардида, зерсохторҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ки аз дохили шаҳру ноҳияҳои онҳо шоҳроҳ мегузарад тадбирҳои заруриро меандешанд.

    Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо ҷалби 85 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия ва намояндагони ташкилоту муассиса дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ аксияи экологии «Тозагии шоҳроҳ» ташкил ва гузаронида шуд.

    Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоат 23 км шафати роҳҳои нақлиётгард аз партовҳои гуногун тоза гардида, 2,1 тн партов бо техникаи махсус ба партовгоҳи марказии ноҳия интиқол гардиданд.

    Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти иттилоот ва маориф бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо намояндагони васоити ахбори омма корбарӣ карда, рафти баргузории аксия аз телевизиони ҷумҳуриявии «Синамо» пахш гардид.

    Қайд кардан ба маврид мебошад, ки ташкили мунтазами чунин чорабиниҳо ба беҳтар намудани вазъи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

    IMG-20231117-WA0007.jpg IMG-20231117-WA0015.jpg