Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 136
    Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ               

                      


    Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳия дар бораи гузаронидани аксияҳои экологӣ дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон ва Гулистон аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” бо иштироки беш аз 155 нафар сокинони аҳолии ҷамоатҳо ташкил ва баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур бо воситаи техникаи махсус 10 метри мукааб партовҳо ва алафҳои бегона ва 2250 метр ҷуйборҳои деҳа аз партовҳо тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳри интиқол дода шудааст.

    Инчунин, аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ байни кормандони ҷамоат сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

    махал гулистон (2).jpg сохил чоряккорон 2.jpg сохил чоряккорон 3.jpg