Баррасии мавзуъҳои марбут ба фаъолияти соҳавӣ дар машғулиятҳои бозомӯзии кормандони Кумита
17 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 2 мавзуи марбут ба фаъолияти соҳавӣ бо иштироки кормандон семинар-машғулияти бозомӯзӣ баргузор гардид.
Дар мавзуи якуми машғулияти бозомӯзӣ, ки “Тартиби ҳисоби зарар ва пардохти ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда барои расонидани таъсири манфӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ҳангоми фаъолияти гуногуни хоҷагидорӣ” омода гардида буд, аз тарафи сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера Ибодуллои Маҳмадулло мавриди фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар мавзуи “Тартиби ҳисоби зарар ва пардохтҳои ҳатмии экологӣ ба муҳити зист оид ба истифодаи захираҳои табиии замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо партовҳо дар фаъолиятҳои гуногуни хоҷагидорӣ” муовини сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин КФМУ ва муомилот бо партовҳо Неъматзода Наим бо рӯнамо баромад намуд.
Пас аз қисмати анҷоми ин ду машғулияти бозомӯзӣ ба маърӯзакунандагон оид ба мавзуъҳои болозикр суолҳо дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба суолҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.