Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1268
    24 ноябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31...

    Таҷлили  Рӯзи  Парчами давлатӣ дар Кумита               


                                              


    24 ноябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-юмин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. табрикоти раиси Кумитаро ба кормандони соҳавӣ оид ба ин санаи фархунда қироат намуд.  Зимни суханҳои табрикотӣ иброз дошта шуд, ки Парчам нишонаи сарҷамъӣ, иттиҳод, якдилӣ ва ифтихори миллат аст.  Аз ҷумла хоса изҳор дошта шуд, ки таҳти роҳнамоию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муттаҳидию ягонагии мардуми шарифи тоҷик кишвари мо зери парчами давлатӣ ба дастовардҳои бузург   ноил гардид.

    Ҳамзамон, алоҳида кормандони Кумита бо суханони табрикотӣ баромад намуда, аз ҷумла Парчами миллиро ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар арзёбӣ намуданд.

    Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳоии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии кишварамон мусоидат менамояд. 

    IMG_1568.jpg IMG_1551 САЙТ.jpg IMG_1557.jpg