Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1093
    Аз 17 то 20 ноябри соли 2023 аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти...

    Баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии Кумита               


                                              


    Аз 17 то 20 ноябри соли 2023 аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин бора фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2023, №114 ба тасвиб расонида шудааст.

    Мақсади гузаронидани аттестатсияи мазкур ин муайян кардани мувофиқати хизматчиёни давлатӣ ба мансаби ишғолнамуда ва болоравии касбӣ, тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, бандҳои дахлдори Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №468  тасдиқ шудааст, инчунин моддаҳои 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва зербанди 24 банди 10 Низомномаи Кумитаи мазкур, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №357 тасдиқ гардидааст, мебошад.

    IMG_1520.jpg IMG_1521.jpg