Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1056
    17 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати...

    Семинари омӯзишӣ дар мавзуи системаи мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш (MRV)               


                                              


    17 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Системаи мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш (MRV) барои лоиҳаҳои иқлимӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров Исфандиёр оғоз ёфт. Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.

    Дар рафти семинар мушовири байналмиллалӣ оид ба маблағгузорӣ дар самти тағйирёбии иқлим Благиса Петрова дар мавзуи "Муҳимияти мониторинг ва арзёбии ҳадафҳои иқлим дар Тоҷикистон" тариқи рӯйнамо баромад намуда, ҳадафҳои асосии мавзуи мазкурро ба таври мушаххас ва соддакардашуда ба иштирокчиён расонид.

    Дар қисмати дигари чорабинӣ сессияи саволу ҷавоб баргузор гардид, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

    IMG_1386.jpg IMG_1408.jpg IMG_1377.jpg