Намоишгоҳи расмҳо - "Ҷаҳони пластикӣ"
Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва дастгирии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд намоишгоҳи расмҳо дар толори «Маркази Амрикоии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкур дар натиҷаи ҳамкории семоҳаи Сарраёсат, ташкилоти ҷамъиятӣ ва аксбардор Ҳошимов Ш. ба амал омада, дараҷаи афзоиши ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои пластикӣ, инчунин сатҳи нокифояи огоҳии аҳолӣ дар робита ба ин мушкилот боиси эҷоди аксҳо ва баргузории худи намоишгоҳ гардидааст. Аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ ва аксбардор кӯшиш карда шуд, ки тавассути камераи аксбардорӣ таъсири зараровари миқдори зиёди партовҳои пластикӣ ба ҳаёти инсон ва муҳити зист инъикос ёбад.
Дар соли 2024 ташкили чунин намоишгоҳ бо зиёд ва васеъ намудани аксҳои намоишӣ дар пойтахти ҷумҳуриамон, шаҳри Душанбе дар нақшаи ҳамкории Сарраёсат ва ташкилоти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардидааст.