Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор
Ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Ҳисор дар бораи гузаронидани аксияҳои “Тозагии соҳил-2023”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор санаи 11 ноябри соли 2023 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинону фаъолон, кормандони беморхонаи №1 аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуда 3,4 м3 партовҳо аз соҳили ҷӯйҳои обгузар ва шафати шоҳроҳи Душанбе- Ҳисор – Турсунзода ҷамъоварӣ гардида ба партовгоҳи шаҳр интиқол дода шуд.
Дар рафти баргузории ҳашари дастаҷамъона, аз тарафи иштирокчиён зиёда аз 300 м соҳили ҷӯйҳо, шафати шоҳроҳи Душанбе- Ҳисор – Турсунзода ва ҳудуди ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуданд.