Баррасии идоракунии муомилот бо партовҳо дар мизи мудаввар
14 ноябр дар шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони ташкилоту идораҳои давлатӣ, аз ҷумла мутахассисони Сарраёсат ва шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, шуъбаҳои санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода, маориф, энергетика, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Маркази Орхуси Кумита ва маркази Орхуси ш. Бохтар дар мавзуи пешбурди принсипҳои конвенсияи Орхус ва амалигардонии бандҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мизи мудаввар баргузор гардид.
Яке аз мавзуъҳои калидии чорабинӣ масъалаи идоракунии муомилот бо партовҳо маҳсуб меёфт. Иштирокчиёни чорабинӣ бахусус аз вазъи ногувори партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус ш. Бохтар изҳори нигаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки вазъи ногувори муомилот бо партовҳо аз сатҳи пасти маърифати экологии сокинон бармеояд.
Дар робита ба ҳаллу фасли масъалаи муомилот бо партовҳо директори филиали тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор (КБРУ) К. Абдуалимов, сардори маркази Орхуси Кумита Ҷ.Яқубов, мушовири Маркази Орхуси ш. Бохтар М.Раҳматуллоева, намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ба музокира баромаданд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо таъсис ёфтани Маркази минтақавии идоракунии муомилот бо партовҳо дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист бисёр муаммоҳо роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.