Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1494
    Дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028...

    Ташкил ва баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар атрофи соҳили дарёи Душанбе               


                                              


    Дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси Кумита дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ бо ҷалби ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Сино, аз ҷумла кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, шуъбаҳои он, сохторҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ ва маориф, аъзоёну фаъолони Ҳизб, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди ноҳияи мазкур дар назди пули роҳи оҳани соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев аксияи экологии “Тозагии соҳил” баргузор гардид.

    Ҳамзамон, дар ду қисмати рости соҳили дарёи Душанбе дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72, гимназияи №4 ва маҷмааи иншооти “Дунёи нав”-и ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чунин аксияи экологӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагону омӯзгорони муассисаҳои маориф, ба хусус донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова, бахши кор бо ҷавонони ноҳияи мазкур, волонтёрон аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуданд.

    Дар рафти баргузории аксияи мазкур дар маҷмӯъ беш аз 500 нафар иштирок намуда, 3 км дарозии тулонии соҳили дарёи Душанбе аз партовҳо тоза карда шуд ва 2,8 м3 партовҳои ҷамъовардашуда ба тариқи техникаҳои соҳаи коммуналӣ ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.

    Чунин чорабиниҳои муҳитизистӣ бо назардошти боду ҳавои мусоиди тирамоҳӣ пайваста гузаронида шуда, сокинони ҷумҳурӣ мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ нишон дода, дар чунин корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, ки ин тамоюл барои саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

    DSC_0003.jpg DSC_0012.jpg DSC_0018.jpg DSC_0030.jpg

    DSC_0042.jpg DSC_0054.jpg DSC_0096.jpg