Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1376
    17 ноябри соли 2023 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар қароргоҳи Институти ҷаҳонии рушди...

    Мулоқот бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз барои таҳкими ҳамкорӣ дар самти тағйирёбии иқлим               


                                              


    17 ноябри соли 2023 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар қароргоҳи Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) вохӯрии ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI баргузор гардид.

    Ҳадафи асосии мулоқоти мазкур густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва GGGI ва дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим буд.

    Ҷонибҳо дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба амалиёти иқлим муколамаи созанда анҷом доданд. Пеш аз ҳама, онҳо густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва GGGI, бахусус дар заминаи ҳифзи муҳити зист, энергияи сабз ва рушди устуворро баррасӣ намуданд.

    Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин ба аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим бо назардошти хусусияти фаромарзии мушкилотҳои экологӣ таъкид гардид.

    Намояндагони GGGI аз пайравии Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳои хеш дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва фаъолияти фаъолонаи он дар ҳифзи муҳити зист ибрози андеша карданд. GGGI омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда бо Тоҷикистон тасдиқ намуданд.

    Ёдовар мешавем, ки институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) яке аз созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ буда, мақсади асосии институти мазкур дастгирии рушди устувори кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва дар ҳолати рушд қарордошта, ва ҷалби лоиаҳо дар самти тағйирёбии иқлим.