Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1317
    16 ноябри соли 2023 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи...

    Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз ҳамкорӣ ва ташаббусҳои иқлимро тақвият медиҳанд               


                                              


    16 ноябри соли 2023 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва муовини директори иҷроияи Фонди иқлими сабз (GCF) Генри Гонсалес баргузор гардид. Вохӯрии мазкур ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ин ниҳоди байналмилалии молияи иқлим равона шудааст.

    Гуфтугӯ дар атрофи ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистон ва GCF баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб рафти татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро оид ба об, иқлим ва пиряхҳо баррасӣ намуданд. Дар мулоқот, ҳамчунин ба дастгирии GCF ба Тоҷикистон дар масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

    Яке аз мавзуъҳои муҳими вохӯрии мазкур ин баррасии масъалаи тасвиби Барномаи нави кишварии GCF дар Тоҷикистон буд. Барномаи мазкур лоиҳаҳо ва ташаббусҳои гуногунро дарбар мегирад, ки ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мусоидат ба рушди устувор дар кишвар нигаронида шудаанд. Он ба афзалиятҳои миллии Тоҷикистон мувофиқат намуда, ҳамчун харитаи роҳ барои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва GCF то соли 2027 хидмат хоҳад кард.

    Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Баҳодур Шерализода ба GCF барои дастгирии пайваста изҳори сипос намуда, аҳамияти вохӯриро дар таҳкими талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои табиии он таъкид намуд. Инчунин, тарафдории Тоҷикистон ба рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо, ки барои экосистема ва манобеи оби минтақа муҳиманд, қайд кард шуд.

    Ҷаноби Гонсалес аҳамияти нақши Тоҷикистон дар мубориза бо тағйириёбии иқлимро эътироф намуда, аз ширкат ва роҳбарияти фаъоли кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, Тоҷикистонро ба дастгирӣ ва ҳамкории доимии GCF дар ноил шудан ба ҳадафҳои иқлим ва рушди устувори он итминон дод.

    Мулоқоти намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва GCF шарикии қавӣ ва тарафдории муштараки онҳоро дар ҳалли мушкилотҳо роҷеъ ба тағйирёбии иқлим нишон дод. Бо талошҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои муассир ин шарикӣ омода аст, ки дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, рушди устувор дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ дар минтақа саҳми арзанда гузорад.

    photo_2023-11-16_09-28-39.jpg photo_2023-11-16_09-28-42.jpg photo_2023-11-16_06-44-59.jpg photo_2023-11-16_06-45-16.jpg

     photo_2023-11-16_09-28-12.jpg