Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1346
    Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизамонро таассуроти нек аз истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии...

    Табрикоти раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон             


                                              


    Муҳтарам ҳамкорон,

    Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизамонро таассуроти нек аз истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифтааст.

    Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 31-сол аст, ки бо сарбаландию шарофатмандӣ ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Иҷлосия 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардидааст. Он аз лиҳози моҳияти худ ба эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ раҳо кард. Иҷлосияи мазкур ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дод, ҳамзамон ба души ӯ вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати соҳибистиқлол ва демократиро вогузор намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе интихоб гардиданд, ки мебоист на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷиконро тармим кунад, балки сохтмони онро бар пояҳои устувору қавии сифатан нав барпо намояд.

    Имрӯз мо шоҳиди навгониҳои бузурге дар кишвар ҳастем, ки мисолашро таърих ёд надорад. Моро месазад, ки бо чунин кишвари соҳибистиқлол ва Сарвари хирадманду дурандеши хеш ифтихор дошта бошем ва дар муттаҳидию ягонагӣ мо метавонем барои боз ҳам ободу гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

    Рӯзи Президент ҳам рӯзи қадршиносӣ ба заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат мебошад.

    Бо ҳамин мақсаду ниятҳои нек бори дигар ин санаи тақдирсози миллат - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди барпо гаштани Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азиз ҳамеша пойдору устувор бошад, мардуми сарбаланди Ватани азизро тамоми орзуву омол ва зиндагии шоиста насиб гардад.