Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1310
    15 ноябри соли 2023 дар толори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    Ҷамъомади тантанавии тарбиявӣ-сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                 


                                              


    15 ноябри соли 2023 дар толори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тарбиявӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

    Дар ҷамъомади мазкур роҳбарият, сардорон ва дигар кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, Марказу муассисаҳои зертобеи системаи соҳавӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.

    Чорабиниро муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон оғоз бахшида, матни табрикотии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зистиро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд.

    Зимни суханронӣ, аз ҷумла қайд карда шуд, муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳалаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаронарзишанд ва саҳифаи таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки мо чунин Ватани азиз ва Пешвои роҳнамою ғамхор дорем, ки ин Ватани дар гирдоби оташ ғутидаро бо сарҷамъию дастиҳамгирии миллӣ аз ҷанги таҳмилӣ бурун оварда, ба биҳишт мубаддал гардониданд. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарзамини аҷдодии хеш бирасем ва ҳамагӣ сарҷамъу ҳамдилу яктан гашта, дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму заҳмат кашем-қайд гардид дар баромад.

    Дар ҷамъомад, инчунин меҳмонони даъватшуда Алии Муҳаммадии Хуросонӣ адабиётшинос ва шоир, мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва осори хаттии Маркази мероси хатии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раҳмонзода Азимҷон муовини директори институти Авру-Осиёи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок ва оид ба равандҳои Иҷлосияи тақдирсози мазкур, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ кишвар, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ки бо роҳнамоиву талошҳои шабонарӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштаанд, суханронӣ намуданд.

    Зимни баромадҳо, аз ҷумла қайд карда шуд, ки воқеан ҳам Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

    Дар охир аз ҷониби шоир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ шеърҳои ватандӯстона қират гардид, ки аз ҷониби иштирокдорон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол карда шуд.

    IMG_1176.jpg IMG_1192.jpg IMG_1230.jpg IMG_1190.jpg