Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии №11 “Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим” доир ба Ҳадафҳои рушди устувор
13 ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Хилтон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии №11 “Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Қиёмзода З.С. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ва муҳиммияти масъала изҳори ақида намуд. Қайд карда шуд, ки барои пиёда намудани Ҳадафҳои рушди устувор дар кишвар “Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки дар он уҳдадориҳои кишвар барои расидан ба 17 ҳадаф тарҳрезӣ шудааст. Зикр намуд, ки дар ҷаласа инчунин, масъалаҳои идоракунии партовҳо, гуногунии биологӣ, такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва масъалаҳои офатҳои табиӣ ба таври зарурӣ баррасӣ ва натиҷагирӣ гардад.
Сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обаҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шукуров Исфандиёр тариқи рӯнамо доир ба вазифаҳои асосии Гурӯҳи кории байниидоравии №11 “Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим”, натиҷаҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта доир ба бандҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баромад намуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Абдуалимов Каримҷон, Иргашев Суҳроб, Сорбони Сироҷиддин, Саидов Саттор дар мавзуъҳои идоракунии партовҳо, гуногунии биологӣ ва Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда бо рӯнамо баромадҳо намуданд.
Инчунин, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ Маҳмадов Тоҷиддин, Абдураҳимов Илҳом ва Холиқназаров Лоиқ дар мавзуи “Вазифаи тақвияти низоми ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар самти масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва низоми огоҳкунии бармаҳал оид ба хавфи офатҳои табиӣ” оид ба натиҷаҳо маълумот доданд.
Пас аз қисмати саволу ҷавоб ва музокираҳо аз тарафи иштирокчиён ҷиҳати тақвияти фаъолияти Гуруҳи кории байниидоравӣ андешаҳо баён карда шуданд.