Семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Маблағгузории иқлимӣ”
8 ноябри соли 2023 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки Осиёгии Рушд дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенсӣ”-и Душанбе” бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар мавзуи “Маблағгузории иқлимӣ” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва директори кишварии Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Шэнни Кэмпбелл суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки тағйирёбии иқлим ба миқдору сифати захираҳои об, соҳаҳои иқтисоди кишвар, солимии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Барои пешгирӣ аз ин пайомадҳои ногувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миллии рушд ва нақшаҳои амал, аз ҷумла доир ба беҳдошти муҳити зист, биёбоншавӣ, идоракунии об ва замин, обхезӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.
Баъдан оид ба мавзуи семинар коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳавӣ бо рӯйнамоҳо баромад намуданд. Ҳадафи асосии семинари омӯзишии мазкур баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва таҳкими дониши иштирокчиён оид ба маблағгузории иқлимӣ буда, инчунин баррасии мушкилиҳо ва имкониятҳои ҷалби сармоя барои самтҳои афзалиятноки Саҳми дар сатҳи миллӣ муйяншуда мебошад.