Табрикоти пиронсолон ва маъюбон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида оид ба вобастакунӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаб – интернатҳо, хона – интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар чорабинии идонаи Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» иштирок намуд.
Пас аз суханҳои ифтитоҳӣ, аз ҷониби сардори сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ. ҳамаи бошандагон ва кормандони марказ бо иди омадаистода табрик гардида, Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми онҳо расонида шуд.
Қайд кардан ба маврид мебошад, ки сарраёсат кӯмакрасониро дар муассисаи иҷтимоӣ ба роҳ монда, аз тарафи шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ КМ «Ҷавонӣ», ҳамчун корхонаҳои сарпарасти таъйингардида, барои бошандагони муассисаи давлатии мазкур дастурхони идона ороста шуд. Дар қисми бадеӣ ҳунармандони ҷавон бо суруд баромад намуданд.
Дар айни замон, тибқи рӯйхат ҳамагӣ 61 нафар, аз он ҷумла 30 нафар мард ва 31 нафар зан ҳамчун бошандагони Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» ба ҳисоб мераванд.
Дар баробари ин нисбат ба синну соли бошандагон дар муассисаи давлатӣ аз 24 то 85 сола, 15 нафар маъюби гурӯҳи I, II ва 11 нафар маъюб аз хурдӣ мебошанд. Барои хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар муассисаи давлатии Маркази минтақавии мазкур, ҳамагӣ 31 нафар кормандон фаъолият мебаранд.