Тасдиқи нақшаи сабзкорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии кӯдакон, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ ва табиатдӯстӣ дар мактаб - кӯдакистони №1 – и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдончаи назди кӯдакистон зиёда аз 60 бех гулҳои ороишии хрезантема шинонида шуд.
Чунин иқдом дар доираи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар дигар муассисаҳои томактабӣ низ мунтаззам роҳандозӣ гардида истодааст.