Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 197
    Бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд...

    Баргузории аксияи экологӣ бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир»             


                                              

    20231021_110453.jpg

    Бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар ҳамкорӣ бо Раёсати минтақавии захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» аксияи экологӣ баргузор гардид.

    Соли дуюм аст, ки бо мақсади нишон додани муҳиммияти захираҳои об «Рӯзи дарёи Сир» дар моҳи октябр қайд гардида, пас аз ба итмом расидани мавсими истироҳатии тобистона минтақаҳои соҳили боғи мазкур аз партовҳои пластикӣ ва дигар партовҳо тоза карда мешаванд.

    Барои гузаронидани аксия ҷавонон ва доираи васеи дӯстдорони табиат ҷалб гардида, ғайр аз корҳои тоза намудани соҳили дарёи Сир байни донишҷӯён озмун – викторина гузаронида мешавад ва ғолибон соҳиби тӯҳфаҳо мегарданд.

    Дар рафти аксияи экологӣ беш аз 70 нафар донишҷӯёни маҳфили «Эколог»-ии факултети геоэкологияи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, аъзоёни «Эко–клуб»-и Донишкадаи кӯҳӣ–металлургии Тоҷикистон ва донишҷӯёни эко–фаъолони ихтисоси экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҳамчунин зиёда аз 30 нафар намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои ҷамъиятию байналхалқӣ ширкат варзиданд.

    Дар натиҷаи корҳои ободонӣ 100 халта партовҳо ҷамъ гардида, ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуда, ду адад қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ насб гардид.

    Озмун – викторина бо дастгирӣ ва аз ҷониби кормандони «Бонки Арванд» ба амал омада, дар баробари ин аз тарафи намояндагони ташкилоти «IT RUN» ба як нафарӣ донишҷӯ аз ҳар як донишкадаи олӣ сертификати ройгон барои омӯхтани курси «IT» супорида шуд.

    Боиси қайд аст, ки баргузории аксияҳои экологӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» мусоидат карда, минбаъд ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо идома меёбад.