Ташрифи аъзои конвенсияи Орхус ба Нерӯгоҳи барқии обии Норак
Дар доираи нишасти солонаи марказҳои Орхус – 2023, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе рӯзи 18 октябр намояндагони 14 кишвари аъзои конвенсияи Орхус бо шумули 70 нафар иштирокчӣ ба Нерӯгоҳи барқии обии Норак ташриф оварданд. Меҳмононро сокинони шаҳри Норак бо русуми хоси меҳмонавозии тоҷикона пешвоз гирифтанд.
Сипас, бо роҳбаладии масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва НБО “Норак” меҳмонон аз фаъолияти нерӯгоҳ ва мавзеъҳои назаррабои шаҳри Норак шинос гардиданд.
Сафари меҳмонон баъди нисфирӯзӣ дар шаҳри Душанбе идома ёфт. Меҳмононро масъулони соҳавӣ, роҳбаладони Ширкати сайёҳии Тоҷикистон аз ганҷинаи ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст, шинос намуданд. Ҳамзамон, иштирокдорон аз Боғи устод Рӯдакӣ, Парчаму Нишон ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дидан намуда, аз манзараҳои дилфиреб ва ҳавои мусоиди шаҳри Душанбе ғизои маънавӣ гирифта, болидарӯҳ гардиданд.
Меҳмонон, аз сафарашон ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон таассуроти нек бардоштанд.