Тренинги амалии минтақавӣ оид ба шаффофияти амали иқлим дар Осиёи Марказӣ
Аз 9 то 12 октябри соли 2023 дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон семинари омӯзишӣ – амалии минтақави коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиш додани таъсир ба муҳити зист, мониторинг ва арзёбии тадбирҳои мутобиқшавӣ, пайгирии саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (ССММ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кумита ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ва ба тариқи рӯйнамо баромад намуданд.
Омӯзиш дар чаҳорчӯби лоиҳаи ReCATH (Regional Action Transparency Climate Hub дар Осиёи Марказӣ) гузаронида шуд, ки аз ҷониби Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) бо маблағгузории ташаббуси шаффофияти амали иқлим (ICAT) амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин тренингҳои минтақавии амалӣ тақвият бахшидан ба таҳкими иқтидори техникии коршиносони миллӣ дар Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот барои унсурҳои гузоришдиҳӣ вобаста ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим, пайгирӣ, мутобиқшавӣ ва шаффофият мебошад.
Дар ҷараёни омӯзиши амалии минтақавӣ дар Ашқобод (Туркманистон) коршиносони миллии техникии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи худро дар соҳаи талабот оид ба гузоришдиҳӣ оид ба тағйирёбии иқлим, усулҳои ҷамъоварии маълумот, шаклҳо ва мӯҳлатҳои пешбининамудаи Созишномаи Париж ғанӣ гардониданд.